
Китоби масалҳои Сулаймон ба GOOGLE PLAY
Масалҳои Сулаймон, ибни Довуд, подшоҳи Исроил, барои донистани ҳикмат ва насиҳат, барои фаҳмидани суханони хирад, ва омӯхтани хулқу адаб, адолат, инсоф ва ҳаққоният, то ки ба соддадилон зиракӣ бахшанд, ба ҷавонон — дониш ва фаросат; хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад, то ки масал ва гуфтори кинояомезро, суханони хирадмандон ва муаммоҳои онҳоро дарк амояд.